"Khorazmiy" илмий - адабий вебсайти


Кириш услуби

Бўлимлар

"Муаллиф (Хоразмий) ҳақида" [44]
Адабиёт [135]
Илму - фан [15]
Ўқув қўлланмалар [0]
Дин ва Тасаввуф [18]
Видеолар [13]
Хабарлар [26]
Ашулалар [0]

Изланг

МАҚОЛАЛАР

Главная » Статьи » Илму - фан

Aсарҳои мунтахаби Ахмад ҳоҷӣ Хоразмӣ

 

 

                                           Улуғбек  Хоразмӣ

                   Дар бораи асарҳои мунтахаби Ахмад ҳоҷӣ  Хоразмӣ


Тавре ки маълум аст, асарҳои мунтахаб аз ҷамъи осори ба нашррасидаи олим ва эҷодкори бузург интихобан гирифта  шудааст ва   маҷмӯъи асарҳоест, ки аҳамияти  илмӣ, адабӣ, сиёсӣ, динӣ ва тарбиявиро касб намудааст.
Асарҳои мунтахаби зайли А.Хоразмӣ аз  16 ҷилд   иборат буда, ин осор бар асоси бештар аз 200 мақола  ва 30 адад китобҳои мунташиршудаи вай арзи вуҷуд намудааст.

                                                                         
Баъзе китобу мақолаҳо бо муаллифони дигар якҷо таҳияву таълиф шудааст ва ширкати онҳо дар ин асарҳо   5-15 %-ро   ташкил мекунад. Бо вуҷуди ин осоре,ки бо муаллифони дигар якҷо таълиф шудааст, ба китоби асарҳои мунтахаб ворид карда нашудааст.
Баъзе ҷилдҳои «Асарҳои мунтахаб» бо китобҳое, ки ба таълифи он ҳамчун асос хизмат кардаанд, тавъам номгузорӣ шуда бошад ҳам, ба он мақолаҳои баъди нашри китоб бар асоси тадқиқоту баррасиҳо эълоншуда ҳамроҳ карда шуданд, ки  ҳамаи он дар шакли қисм ва бобҳои нав  дар китоб ворид гардидаанд.
Зимни мунташири асарҳои мунтахаби А.Х.Хоразмӣ аз усули  анъанавӣ   сарфи назар карда мешавад. Нашри он на аз рӯи рақами ҷилд, ки аз 1 то 16-ро ташкил мекунад,  сурат мегирад, балки аз рӯи омода будани ҳар як ҷилд китоб мавриди интишор қарор мегирад. Ба далели он ки китоб(ҷилд)ҳо ба ҳамдигар вобаста нестанд, яъни давом ҳамдигар наянд, ба таври омехта ба чоп расондани он барои хонандагон ягон мушкилот эҷод намекунад.
 Ногуфта намонад,   дар роҳи барои нашр омода  кардани “Асарҳои мунтахаб” иқдоми нахустини муаллиф ба шумор меравад, аз ин лиҳоз китоби мазкур аз нуқсу камбудиҳо орӣ нахоҳад буд. Фикру дархостҳое, ки  ҷиҳати беҳбуд ва аз нуқсонҳо орӣ шудани он  баён карда мешаванд, бо майли топ мавриди пазириш қарор мегиранд.
                                                                     
  Ношир
------------------------------------------------------
                                                       Асарҳои мунтахаб
                                                                              Ҷилди-1  

                                           Дар бораи Ахмад ҳоҷӣ Хоразмӣ
                                                                        Аз муаллифҳои
 
Ҷилди аввал (1)   “Дар бораи Аҳмад ҳоҷӣ Хоразмӣ”  ( ё падари мо)  унвон гирифтааст ва дар он   маводе гирдоварӣ шудааст, ки перомуни ҳаёт ва фаъолияти Хоразмӣ  дар соири кишварҳои мухталифи ҷаҳон  ва ба забонҳои гуногун мавриди чоп қарор гирифтааст.

                                                                     
 Боиси таъкид низ мебошад,  ки дар Васоити ахбори умум(расонаҳо)-и  гуногун ва ба забонҳои мардуми дигар дар бораи   ҳаёт  ва фаолияти Хоразмӣ бештар аз   40  мақола, очеркҳои радио ва телевизионӣ пахш гардидааст. Аксарияти он дар расонаҳои   Ӯзбекистон   эълон шудааст. Дар бобҳои зерин намунаҳоеро аз он меорем:
  Боби 1.  Мухтасар тарҷимаи ҳоли А.Х.Хоразмӣ ва чанд санаду ҳуҷҷати вобаста ба вай.
  Боби II. Асарҳои профессор Аҳмад ҳоҷӣ Хоразмӣ    ва  мазмуни мухтасари онҳо.
Боби III. Баъзе  маводи интишорӣ ба забони ӯзбекӣ дар бораиАҳмад ҳоҷӣ Хоразмӣ.
 Боби IV. Мақолаҳои мухталифе, ки ба забони русӣ дар бораи Аҳмад ҳоҷӣ Хоразмӣ  дар соири нашрияҳо ба табъ расидаанд.
 Боби V.  Маводе, ки ба забонҳои турманӣ ва туркӣ дар бораи Аҳмад ҳоҷӣ Хоразмӣ мавриди табъу нашр қарор гирифтаанд.
 Боби VI. Баъзе мақолаҳое, ки ба забони инглисӣ дар бораи Ашмад ҳоҷӣ Хоразмӣ  интишор ёфтаанд.
-----------------------------------------------------------
                                            А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                          Ҷилди-2  

                   ҒИЗОДИҲИИ АЛАФЗОРҲО ВА ЧАРОГОҲҲОИ ТАБИИИ ӮЗБЕКИСТОН
 
Ин монография, ки дар нашриёти  “Фан”   (Тошканд-1982) ба забони русӣ ба чоп расидааст,   дар омода кардани ҷилди 2-и асарҳои мунтахаб  ба сифати асос гирифта шудааст, аз ин рӯ ин ҷилд чунин ном гирифтааст.
 Дар он масъалаи   истифодаи куди кимёвӣ ва    ғизо додани рустаниҳои худрӯйи   минтақаҳои баланди Ўзбекистон ҷиҳати афзун гардонидани захираи хошок мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. 

                                                                               
Ҳамчунон  дар зимн таъсири мусбати чунин ғизодиҳӣ, ки  дар беҳбуди сифати рустаниҳо,   баланд шудани ҳосилнокии хоки ин минтақа дар ҳамон шароит нақши муассире хоҳад бозид,  ба далелҳои раднопазир ва хеле равшан нишон дода шудааст.
 Дар монография боз дар шароити Ӯзбекистон бо ғизоҳои мухталиф таъмин кардани рустаниҳои табиӣ ва ҷиҳатҳои самаранокии он, сарфакориву фоиданок будани чунин тарзи кор, муддатҳои барои пошидани кӯди кимёвӣ муқарраргардида ва усулҳои беҳтарини он возеҳ тасвир ёфтааст.
Ин ҷилд (китоб) барои  ботаникҳо, тайёркунандагони ғизоҳо, агрохимикҳо, зоотехникҳо,  муаллимони донишгоҳҳо ва талабаҳои онҳо муҷаррар шудааст. 
Ин ҷилди 2  аз чунин бобҳо ва қисматҳо иборат аст: сарсухан, фитоценозҳо (рустаниҳои табиӣ)и  Ўзбекистон,    хусусиятҳои иқлим ва хоки он, шарҳҳо ба адабиёт дар бораи додани ғизоҳои минералӣ ба алафзорҳо ва чарогоҳҳои табиӣ, объектҳои тадқиқот ва услубҳои он, нақши ғизоҳои минералӣ дар ҳосилнокии алафзорҳо  ва чарогоҳҳои табиӣ,  таъсири ғизоҳои минералӣ дар ҳосилнокии алафзорҳо  ва чарогоҳҳои табиӣ   ва таркиби ботаникии он, таъсири ғизоҳои минералӣ дар таркиби кимиёвии рустаниҳои алафзорҳо  ва чарогоҳҳои табиӣ, таъсири баъдии ғизоҳои минералӣ  дар маҳсулнокии алафзорҳо  ва чарогоҳҳои табиӣ, аз нигоҳи иқтисодӣ самарабахш будани истифодаи ғизоҳои минералии сахту моеъ дар минтақаҳои алафзор  ва чарогоҳҳои табиӣ.
Таъкиди он нукта низ ҷоиз аст, ки китоби зерин бар асоси рисолаи докториам таҳия ва таълиф ва ба сифати асос ҳамон тадқиқот  гирифта шудааст. Соли   1978  Фарҳангистони улуми  Ӯзбекистон ин тадқиқоти маро созовори мукофот донистааст.
----------------------------------------------------------
                                    А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                  Ҷилди-3  

               МАСЪАЛАҲОИ РИВОҶ  ДОДАНИ СОҲАИ ПАХТАКОРИИ МОЗАМБИК
   
Маводи ин монография дар таҳия намудани ҷилди 3-уми асарҳои мунтахаб ба ҳайси манбаъи асосӣ хизмат кардааст. Ба ин ҷилд як қатор мақолаҳои баъди соли 1991 интишорёфта ба сифати қисм ва бобҳои нав ворид карда шуд.
Дар ин   монография шароити табиии Ҷумҳурии халқии  Мозамбик,  соҳаи пахтакории давраи истеъмор ва пас аз давраи истеъмор, анъанаҳои истеҳсол намудани пахта, усулҳои агротехникӣ, намудҳои ғизоҳои минералии мавриди истифода барои пахта ва рустаниҳои дигар, меъёр ва усулҳои додани ғизо нишон дода шудааст. Ҳамчунин  тадқиқоти аввалия арзёбӣ гардида, самаранокии услубҳои тавсиягардида  баррасӣ шудааст.
Ин ҷилди 3-ум барои   мутахассисони хоҷагии қишлоқ(кишоварзӣ), пажуҳишгарон – агрохимикҳо ва мутахассисоне тавсия карда мешавад, ки  дар   Африқо кор кардан мехоҳанд. 
 Ин китоб соли 1984  дар  Мапуто  (ба забони португалӣ) ва соли 1991 дар Тошканд  (ба забони русӣ) нашр шудааст.
Дар қисмати сароғози ҷилди 3-ум  то чӣ андоза зарур  ва ногузир  будани ривоҷи соҳаи пахтакорӣ барои Ҷумҳурии халқии Мозамбик нишон дода шуда, аз соли 1975  (баъди раҳоӣ аз истеъмор)  пастравии корҳои кишоварзӣ (хоҷагии қишлоқ), роҳҳои беҳбуд ёфтан  ва услубҳои илмии он  баён гардидааст.

                                                                     
Вилояти Нампула – базаи пахтаи ҶХМ эътироф гардида, истеҳсоли аз нисф бештари ҳаҷми  умумии пахтаи ин кишвар дар ҳамин вилоят мадди назар гирифта шудааст.  Шароити табиӣ ва иқлими он, маълумоти умумӣ дар бораи хоҷагии қишлоқ, хусусиятҳои хоси ривоҷи пахтакорӣ ба ҳайси яке аз бахшҳои иқтисоди давлат дар китоб ба таври возеҳ баррасӣ шудааст.
Қисмати калон ва аз ҳама асосии китоб- “Истифодаи ғизоҳо дар соҳаи пахтакории Ҷумҳурии халқии Мозамбик”  унвон гирифтааст ва аз   6 боб иборат мебошад.  Дар он пажуҳишҳои дар Мозамбик    перомуни муаммоҳои   истифодаи ғизоҳои минералӣ бурдаистода,  пиёда намудани таҷрибаҳо, бастагии ҳосилнокии пахтаи ин кишвар ба ғизоҳои минералӣ ва тадобири агротехникӣ   ба таври равшан нишон дода шудааст.
Дар қисмати Хулоса  эътироф гардидани истифодаи ғизоҳои минералӣ барои ривоҷ ёфтани хоҷагии қишлоқ (асосан соҳаи пахтакорӣ) дар Мозамбик  ва аз усулҳои асосии агротехникӣ будани он, ҳамчунин  асосҳои илмии ғизодиҳии пахта, ҷуворимакка,   мандёка, алафзор ва рустаниҳои чарогоҳҳо  баён ёфтааст.
Ҷилди 3-умро ташкил намудани ин китоб бар асоси рисолаи дуввуми докториам, ки дар  Мозамбик  ҳимоя кардаам,  офарида шуда, ба гирифтани Ифтихорномаи  ҳукумати  Мозамбик  сазовор гардидааст. 
---------------------------------------------------------------
                                                           А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                         Ҷилди-4  

      АСОСҲОИ ИЛМИИ ДАР ШАРОИТИ ГУНОГУНИ ХОКУ ИҚЛИМИ КУРРАИ ДУНЁ              ҒИЗОИ ИЛОВАГӢ                                                                       ДОДАН БА РУСТАНИҲОИ ХӮРОКА 

 Аз нигоҳи ҳаҷм наздик ба     50 ҷузъи чопӣ    ва мавриди интишор қарор гирифтани ин  асари хеле васеъ дар нашриёти “Фан”  (Тошканд-1996)    ба муаммоҳои дар шароити гуногуни хоку иқлими курраи дунё баланд бардоштани ҳосилнокии рустаниҳои ему хошок ва ҷуворимакка бахшида шудааст ва дар таълифи ҷилди 4-ум ба сифати манбаъи асосӣ хизмат кардааст.
 Дар ҷилди 4-ум ба сифати ғизонокии ҷуворимакка ва рустаниҳои табиӣ, таркиби ботаникии фитоценозҳо  ва динамика(ҷараён)-и тағйирёбии ҳосилнокӣ, таъсири ғизоҳои минералӣ ба режим(низом)-и хоку  рустаниҳои хӯрока  ва  таъсири минбаъдаи ин ғизоҳо   тадқиқ шудааст.
 Барои   фитоценозҳои табиӣ ва ҷуворимакка намуди   оптималии ғизоҳо, меъёрҳои истифода, муддат ва усулҳои он омӯхта шудааст. Аз рӯи минтақаҳои вертикалӣ (амудӣ)-и Мозамбик ва Ӯзбекистон алафзорҳои табиӣ ва чарогоҳҳо, ҳамчунин сарфакории ғизодиҳии ҷуворимакка, самаранокии иқтисодии он аниқ карда шудааст. Дар баробари он, методҳои ҷуброн кардани маблағи ғизоҳои минералӣ бо даромади ҳосили бештарро корбаст   кардаанд.

                                                                           
  Китоб барои агрохимикҳо, Хокшиносон, ботаникҳо, агрономҳо, зоотехникҳо, аспирантҳо, докторантҳо  ва талабагони донишгоҳҳои марбута тавсия ва муқаррар гардидааст.
Ин китоб бар асоси рисолаи охирини докториам таълиф шудааст ва ба мукофоти байналхалқии Ал-Хоразмӣ пешниҳод гардидааст.
  Дар қисмати муқаддимаи  боби 4-ум барои соҳаи чорвопарварии кишварҳои Мозамбик  ва Ӯзбекистон ҷуворимакка   ва алафҳои табиӣ базаи асосӣ арзёбӣ гардидааст, ҳамчунин   қайд шудааст, ки барои баланд бардоштани дараҷаи ҳосилнокии он роҳи беҳтарин истифодаи ғизоҳо мебошад.
ҷилди 4-ум  аз се   қисм  иборат буда,    қисми аввал бахши услубӣ-таҳлилӣ номида мешавад. Он дар худ ду бобро фаро хондааст:  омӯхтани муаммоҳои ғизодиҳии ҷуворимакка ва рустаниҳои табиии хӯрока  (шарҳу тавзеҳ ба адабиётҳо), гузашта аз ин   услуби тадқиқот ва   объектҳо.
Қисмати  дуввум     дар шароити мухталифи курраи дунё таъсири мусбати ғизоҳо ба ҳосилнокии рустаниҳои хӯрока ва  таъсири минбаъдаи он унвон гирифтааст ва бобҳои  3-10-ро дар бар мегирад.
 Қисмати севвуми китоб  таъсири ғизоҳо ба ҳосилнокии ҷуворимакка  дар шароити гуногуни    минтақаи ҷаҳон  ва агротехникӣ  ном гирифтааст ва бобҳои  12-15-ро дар худ ҷой додааст.
 Ба ин   китоб, ки   ҷилди чорум бар он асос ёфтааст,   академикҳо С.Искандаров, А.Мадраимов, доцент Р.Эгамбердиев, Агрономи шойистаи Ӯзбекистон  Г.Машарипов   тақризи расмӣ навиштаанд ва  тавсияи онҳо барои   мукофоти байналхалқӣ  низ   эълон шудааст. 
Бар асоси ҳамаи ин   китоби мазкур барои гирифтани  мукофоти давлатии ба номи    Ал-Хоразмӣ, ки дар Туркманистон ба муддати ду сол як маротиба баргузор мегардад, тавсия гардидааст.
-------------------------------------------------------------------
                                                            А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                            Ҷилди-5
 
                     АСОСҲОИ  ЭКОЛОГӢ  ВА  ИҚТИСОДИИ ҒИЗОДИҲИИ РУСТАНИҲО

   Ин монография дар нашриёти “Хоразм“ (Урганҷ – 2000) чоп шудааст ва ба сифати манбаъ барои таълифи ҷилди 5-ум хизмат кардааст. Барои ҳамин номи ин ҷилд бо  номи ҳамин китоб тавъам мебошад.
Дар ин ҷилд   баланд бардоштани ҳосили рустаниҳо ва   ҳимоя кардани рустаниҳо аз ҳашароти зараровар  ба баррасӣ гирифта шудааст, ҳамчунин он нишон медиҳад, ки истифода намудани  кӯди кимёвӣ (ғизои минералӣ ва пестицидҳо),   ба вайрон  шудани вазъи экологии замин(хок) оварда мерасонад. Аммо  роҳҳои мубориза ба  манзури пешгирӣ аз ин иллат низ баён карда шудааст.
Ин мубориза  аз  ду   қисм:    Аввал  - боздоштани рехтани маводи кимёвӣ ба хок бояд пешгирӣ гардид: Дуввум –   он матлаб таъкид гардидааст, ки хоки аз нигоҳи экологӣ вайроншуда бояд ба ҳолати муқаррариаш баргардонида шавад.

                                                                       
Иҷрои амалии ҳарду дар чанд марҳала сурат мегирад. Дар марҳалаи аввал як қисми моддаҳои кимёвие, ки ба замин меафтанд,  дар марҳалаи дигар ба замин афтидани қисми боқимондаи онро бояд нигоҳ дошт. Дар қисми дуввуми марҳалаи аввал муайян кардани сифат ва миқдори моддаҳои кимёвие, ки ба вайрон шудани замин оварда расондаанд ва роҳҳои аз байн бурдани таъсири онҳо ба заминро кор карда баромадан.
Бо кумаки усулҳои марҳалаи дуввум беҳбуд бахшидан ва   ба ҳолати аввалаи экологӣ овардани замин мавриди таъкид қарор мегирад.
Ҷилди 5-ум барои агрономҳо,  агрохомикҳо,  заминшуносон, экологҳо ва  талабагони донишгоҳҳои марбута муқаррар шудааст.
   Дар   қисмати  даромади  боби 5-ум  таъкид шудааст, ки дар давоми солҳои зиёд (30-40 сол)  ба замин бештар аз меъёр ғизоҳои минералӣ ва пестисидҳо додаанд, ки бар таъсири он хоки баъзе дашту саҳро  аз нигоҳи экологӣ хеле вайрон шудааст ва аз ин заминҳо ба даст овардани ҳосили фаровон ғайримумкин гаштааст. Ин дар ҳолест, ки ба ин заминҳо додани ғизои ками минералӣ таъсире барои баланд кардани ҳосил намегузорад.  Барои раҳоӣ аз ин мушкилот ва ҳалли масъала пажуҳиш дар ду самт пешбинӣ карда мешавад.
 Қисми аввали ҷилди мазкур - “Таъсири агрохимикатҳо(ғизои минералӣ  ва  пестицидҳо) ба хусусиятҳои    агрохомиявӣ,  агрофизикӣ ва биологии заминҳо”  номгузорӣ шудааст.
Қисми дуввуми ҷилди 5-ум  - “Мамнӯъ(маҳдуд)  намудани истифодаи моддаҳои  сунъии  кимёвӣ  дар замин”  номгузорӣ шудааст ва  бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии рустаниҳо мебояд роҳҳои манъи истифодаи минералҳо ва   пестицидҳо  марҳала бар марҳала пиёда ваон  ба тадқиқоти марҳалаи аввал бахшида мешавад.
Ба   китобе, ки асоси ҷилди 5-умро ташкил мекунад,  доктори фанҳои хоҷагии қишлоқ, профессор Ғ.Сотипов  таҳти унвони “Дастуруламали зарур”   шарҳ ва тақриз навиштааст, ки онро маҷаллаи “Ўзбекистон қишлоқ хўжалиги”  соли  2001  дар шумораи  4-уми худ зери рубрикаи   “Китоб ба ҷевони шумо”   эълон кардааст.
-----------------------------------------------------------------------------
                                       А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                               Ҷилди-6  

                                   АСОСҲОИ  ИЛМИИ  КИШОВАРЗИИ  ХОРАЗМ   

Рисолаи мазкур, ки нашриёти “Фан”  (Тошканд-1996) мавриди интишор қарор додааст,  асоси ҷилди 6-умро ташкил мекунад. Дар он мақолаҳои марбут ба кишоварзии Хоразм ва экологияи замин, ки баъд аз соли 2000-ум мунташир ёфтаанд, ҷой дода шудаанд. 
 Ин ҷилд тадқиқоти бисёрсола дар  Хоразм  (70 сол)-ро, ки   дар шароити басо ногувор ва мураккаби иқлиму хок ва дар вазъи бади экологӣ сурат гирифтааст,  ҳамчунин роҳу усулҳои  аз рустаниҳои хоҷагии қишлоқ чӣ сон рӯёндани ҳосили баландро баён кардааст, баррасӣ мекунад.
  Ҷилди мазкур  барои кишоварзону деҳқонони Хоразм, ҳамчунин барои донишомӯзони коллежу литсейҳои академикӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ба сифати дастуруламал тавсия карда шудааст.
Дар  қисми муқаддимаи ҷилди номбурда   иқлими мураккаби воҳаи Хоразм, хусусиятҳои хоси кишту кор дар  шароити вазнини экологӣ, дар чунин шароити номусоид  ба даст овардани ҳосили баланд аз кишти зироати  пахта ва рустаниҳои дигар ҳалли як қатор муаммову мушкилотро тақозо мекунад.  Маҳз ҳамин нукта дар ин қисмати китоб баён карда шудааст.
Дар қисми “Соҳаи пахтакории  Хоразм дар зарфи   70 сол”  давраҳое ба қалам дода шудаанд, ки кишварзон  заминро бо барзагов шудгор мекарданд ва баъд  даврае фаро мерасад, ки заминро тавассути  тракторҳои Кейс (ин трактор дар Олмон истеҳсол карда шудааст) шудгор мекунанд. Дараҷаи ҳосилнокии майдонҳои кишт  аз  3–5 ц  то  35-40 ц боло рафтааст.
Дар қисмати “Аз стансияи тажрибаомӯзӣ  то филиали   институт” маълумоте баён шудааст, ки    дар пешрафти  кишоварзии Хоразм  чӣ тавр  асосҳои илмӣ гузошта шудааст ва дар ин маврид ҳалли кадом муаммову мушкилот ногузир буд. Тарихи филиали хоразмии ташкилоти илмии “Институти пахтакории Ӯзбекистон”  (қаблан  СоюзНИХИ), ки     соли  1926 дар  Хива   ташкил ёфтааст ва аз як станция ба филиали   институти калон мубаддал шудааст, дар ин қисмат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.  Ҳамчунин   барои ба ин дараҷа расидани он   собиқ директорони филиал П.Яхтенфель ва профессор А.Хоразмӣ чӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. 
Дар қисмати “Мелиорацияи хокҳои Хоразм ва режими оби рустаниҳо”  хокҳои асосии воҳаи Хоразм, дараҷаи шӯр бастани ин заминҳо   ва сифати он, хусусиятҳои шустани шӯри заминҳо дар ин минтақаи ҷумҳурӣ, зимни обёрии кишти майдонҳо роҳҳои истифодаи об самаранок нишон дода шудааст.
 Дар қисмати  “Агротехникаи пахта ва рустаниҳои дигари асосӣ ва киштгардон кардани майдонҳои кишт”усулҳои самараноки шудгор кардани майдонҳои таҳти кишт дар Хоразм ва  муддатҳои он,  усули  аз роҳи кӯчат шинондани пахта ва шолӣ, муддати  кишти пахта ва  кишти зироати дигар, ғафс будани кӯчат    ва киштгардон кардани замин  ба таври илмӣ асоснок карда шудааст.
Дар бахши “Ҳосилнокии замин   ва истифодаи ғизоҳо”   майдонҳои асосӣ ва хусусиятҳои морфологии воҳаи Хоразм, истифодаи ғизоҳои минералӣ, органик,   ғизоҳои микро  ва маҷмӯъӣ, муносибати ин ғизоҳо бо майдонҳои таҳти кишт, роҳҳои асосии ғизодиҳии пахта ва  кишти зироатҳои дигар дар шароити  Хоразм  шарҳу тавзеҳ ёфтааст
“Экологияи навъҳои боистиқбол (дурахшон)-и ғӯза  ва асосҳои тухмии ғўзапарварӣ” аз қисматҳои дигарикитоб буда,  дар он  навъҳои дурахшони киштшудаи ғӯза  дар Хоразм  ва   хусусиятҳои биологии онҳо, навъҳои ҷадиди дар  Хоразм кашфшудаи пунба,  нишондиҳандаҳои муқоисавӣ ва асосҳои тухмии   ғӯза(пунба)   баён карда шудааст. 
-------------------------------------------
                                                    А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                       Ҷилди-7  

                                           Tадқиқотҳои вa натиҷаҳои
         (Мақолаҳои    илмӣ    ва    услубӣ    дар    бораи     агрохимия, экология,  дин ва тасаввуф)

Қабл аз ҳама тақозои тақдир, гузашта аз ин ба далели эҷод ва фаъолият соли  2005  ба  Британияи Кабир ба сифати муҳоҷир рӯй овардам. Барои сукунат дар жиҷрат  аз ҷониби давлат таъмини молӣ мешудам, вале барои пеш бурдани рӯзгори аҳли хонаводаам, фарзандонам, ки  дар Ӯзбекистон монда буданд,  маҷбур будам, ғайрирасмӣ ва ҳамеша заҳмат бикашам.
Андаке вақти боқимондаро барои азхуд кардани забон сарф  кардам. Як қисми  вақтеро, ки барои хобу истироҳат ва  тамошои телевизор ҷудо карда будам, ба корҳои илмиву эҷодӣ  бахшидам. Дар ин миён чанд китоб навиштам. 
Дар баробари ин дар бархе аз  кишварҳо ва ба забонҳои мухталиф мақолаҳои илмӣ, услубӣ, адабӣ, динӣ   таълифу мунташир намудам.  Ба сифати мутахасис-олим дар барномаҳои гуногунранги радиоҳои байналхалқии  ВВС, “Озодӣ”  ширкат кардам.

                                                                           
Ин  мақолаҳо таҳти унвони “Натиҷаҳои тадқиқот” (Лондон-2012) ном дошта, ба ин китоб ворид карда шудааст ва аз рӯи   хусусиятҳои худ дар 3 боб ҷойгузин аст:
Дар боби “Мақолаҳои илмиву методӣ  (ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ)”  мақолаҳои  “Ифода, талқини агрохимия  ва технологияи омӯзондани он” (Технологияҳои таълим -№5, Тошканд-2006), “Сохтори ғизодиҳии   фитоценозҳои табиӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷашон” (Хабарномаи экологӣ-№2, Тошканд - 2009), “Таъсири   агрохимикатҳо ба хосияти решаҳои чаманзорҳо ва   ба ғӯзаҳо асарбахшии ғизоҳо” (Лондон-2005), “Проблемаҳои экологиии   агрохимикатҳо” (Хабарномаи экологӣ- №2, Ташканд-2007) гирдоварӣ шудаанд ва тавре ки ишора гардид, ин мақолаҳо ба ду забон дар нашрияву маҷаллаҳо интишор ёфтаанд.
Ба боби “Мақолаҳои равияи диниву тасаввуфидошта”    “Ҷавоби Бобои барфӣ (Хоразмӣ) ба пайравони ваҳҳобӣ”, “Фаҳмидаву донистаҳоям дар бораи шоҳидони  Иегова (Офаридгор)”, “Дар бораи тасаввуф ва тариқат”, “Ба тасаввуф санг наандозед”, “Ҳидоят ба муросову мадоро дар Тасаввуф ва Ислом” барин  як қатор мақолаҳо ҷамъоварӣ гардидаанд.
Дар боби “Баромадҳоям дар ВВС ва “Озодӣ”    “Дар бораи китоби   “Тиббиёти ҳақиқӣ”-и доктор Ойдин Солеҳ, “Ба олими шинохтаву маъруфи бахши кишоварзӣ   Аҳмад ҳоҷӣ Хоразмӣ савол диҳед”. Ба шунавандагони   ВВС ҷавоб дод”, “Рӯзи таваллуди Комилҷон Отаниёзов таҷлил карда мешавад” барин мавод гирдоварӣ шудааст.
---------------------------------------------------------------------------
                                                      А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                                            Ҷилди-8
 
                                                              КУРСИ  ХОКШИНОСӢ  ВА   АГРОХИМИЯ  

 Ҷилди 8-ум бар асоси ин дастуруламал таҳия гардидааст. Он    лекцияҳои  дар курсҳои хокшиносӣ ва  агрохимия хондаам, машғулиятҳои амалии бисёрсолаам, ҳамчунин материалҳои оригиналии аз ҷараёни тадқиқотҳои дар шароитҳои гуногуни ҷаҳон гузаронидаамро гирдоварӣ намудааст ва бори нахуст дар соли 1998 дар шаҳри Урганҷ мавриди интишор қарор гирифтааст. 
Ин  ҷилд барои донишҷӯёни донишгоҳҳои марбута ба сифати маводи дарсӣ ва барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ  (агрономҳо,   хок(замин)шиносон,  агрохимикҳо)   ҳамчун дастуруламал тавсия карда мешавад.
Дастуруламал аз ду боби калон, ки хокшиносӣ ва  агрохимия номгузорӣ шудааст,   иборат мебошад.
Боби Хокшиносӣ  қисматҳои   предмет ва объектҳои фаннии хокшиносӣ,  аломатҳои морфологии хок (замин),   бонитровкаи хок,  хокҳои дунё,  хокҳои асосии Ӯзбекистон,хокҳои асосии воҳаи  Хоразм ва сохти морфологии он, маводи барои магистрҳо иншонамудаи   “Хокҳои антропогенӣ  ва дар онҳо даврзании элементҳои ғизоӣ” (Тошкент-2003)-ро дар худ ҷой додааст.
Дар боби Агрохимия  услуб ва вазифаҳои фани агрохимия, ғизогирии рустаниҳо, нақши физиологии элементҳои ғизоҳои асосӣ, поруҳои асосии минералӣ ва маҳаллии  мавриди истифодаи хоҷагии  қишлоқ(кишоварзӣ), хизмати   агрохимиявӣ дар хоҷагии қишлоқ, Афзалиятҳои порудиҳии рустаниҳо бо услуби   Хоразмӣ, тавассути услуби Хоразмӣ муайян намудани миқдори   ҳосили бештар бар асари истифодаи ҳар як кило пору, самаранокии  экологӣ ва иқтисодии поруҳо ва масъалаҳои дигари амсоли он мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин,  дар қисмати агрохимия бобҳои барои магистрҳо иншошудаи   “Сохтори истифодаи поруҳо дар киштазорҳои хоҷагии қишлоқ” (Тошканд-2003) ва “Системаи истифодаи пору дар киштазорҳои ғалла” (Тошканд-2003) низ ворид карда шудааст.
------------------------------------------------------------------------
                                                       А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                   Ҷилди-9
 
              АСОСҲОИ ИЛМИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ  САМАРАНОКИИ ПОРУҲО

Дастуруламале, ки нашриёти “Фан”  (Тошканд – 1994) нашр намудааст, дар таълифи ҷилди 9-уми асарҳои мунтахаб манбаъи асосӣ шуда хизмат кардааст.  
 Дар ин ҷилд  усулҳои истифодаи поруҳои асосии минераливу маҳаллӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ ва хусусиятҳои хоси онҳо нишон дода шуда, ҳамвора  муайянсозии ҷуброн намудани ин поруҳо тавассути ба даст овардани ҳосили фаровон  баён гардидааст.
Дар баробари ин, дар дастуруламал роҳҳои истифодаи поруҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии рустаниҳои гуногуни ҳарлела  бар асоси тадқиқотҳои бисёрсолаам дар шароити мухталифи хоку иқлими ҷаҳоннишон дода шудааст.
Ҷилди 9-ум барои агрохимикҳо, ботаникҳо, зоотехникҳо, агрономҳо, биологҳо, ҳамчунин барои устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои ин соҳа муқаррар  ва тавсия шудааст.
Дастуруламал бо сарсухан оғоз меёбад  ва дар он  мақсади ва вазифаҳои китоб, вайрон шудани экологияи замин(хок) бар асари истифодаи агрохимикатҳо (ғизоҳои кимёвӣ)  ва чораҳои ҷилавгирӣ аз ин раванд   баён карда шудааст. 
Қисмати  омӯзишиву услубии боби 9-ум  дар худ  “Поруҳо  ва муаммоҳои баланд бардоштани самаранокии он”, “Методикаи пажуҳишҳо перомуни дар шароитҳои мухталифи хоку иқлими ҷаҳон  афзун гардонидани самаранокии поруҳо”, “Услуби муайян намудани даромади иловагӣ бар асари истифодаи ҳар як килограмм пору ва (бо усули Хоразмӣ) ҷуброн кардани он”, “Тарзи ғизодиҳии рустаниҳои табиӣ (фитоценоз)ҳо дар шароити мухталифи хоку иқлими ҷаҳон” барин бобҳоро мутамарказ сохтааст.
 Дар   қисмати   пажуҳишҳои эксперименталии     дастуруламал панҷ боб  гирдоварӣ шудааст, ки аз инҳо иборат мебошад:  “Тарзи ғизодиҳии рустаниҳои табиӣ (фитоценоз)ҳо дар шароити мухталифи хоку иқлими ҷаҳон”, “Хусусиятҳои ғизо додани ҷуворимакка дар минтақаҳои гуногуни курраи арз”, “Самаранокии истифодаи поруҳо дар кишти пахта дар қитъаҳои гуногуни курраи дунё”, “Системаи ғизодиҳии дарахтони мевадиҳанда -чормағз”, “Захираҳои нав дар шароити пуршиддати кишоварзӣ”.
Ин дастур, ки асоси ҷилди 9-умро дар бар мегирад,  ба далели он ки дорои аҳамияти илмӣ, омӯзишӣ ва амалӣ мебошад,  ба мукофоти  Ал-Хоразмӣ  (соли 1995) сазовор дониста шудааст.
----------------------------------------------------------------
                                                       А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                     Ҷилди -10

                       ВИЖАГИҲОИ   ХОК  ВА  АСОСҲОИ ИСТИФОДАИ ПОРУ 

Ин китоб соли 2004 дар Тошканд таҳти таҳрири   доктори фанҳои кишоварзӣ, академик Ҷ.С.Сатторов  мавриди нашр қарор гирифтааст ва  ба сифати асоси боби 9-уми асарҳои мунтахаб хидмат кардааст. 
 Он барои магистрҳои ихтисосҳои 5А620102 “Агрохимия” ва 5А620105 “Хокшиносӣ” муқаррар шудааст. Ин дастуруламал  аз тарафи  проф. А.Ҳ.Хоразмӣ дар асоси барномаи намунавии нав навишта шуда, онро Вазорати макотиби олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон тасдиқ намудааст.   
Дар он хусусиятҳо ва вижагиҳои хокҳои Ӯзбекистон, тағйирёбии онҳо дар натиҷаи таъсири поруҳои   минералӣ ва маҳаллӣ, пеш омадани муаммоҳои экологие, ки бар асари ба хок ворид шудани   агрохимикатҳо (кудҳои кимиёвӣ)  ба вуҷуд меоянд ва роҳҳои бартараф кардани ин муаммоҳо ифодаи худро ёфтааст.                                         
Ҳамзамон  дар дастуруламал таҷрибаҳои дар замину хокҳои мухталиф гузаронида шуда ва дар асоси маълумотҳои аз  агрохимкартограммаҳо  гирифташуда додани намуди поруву ғизо ва ҳисоб кардани меъёри он, технологияҳои пуристиқболи  ба замин пошидани ғизоҳо ва муайян кардани даромади иловагие, ки аз ба замин пошидани ҳар як килограмм поруву ғизоҳо ба даст меояд ва усулҳои монанди он оварда шудааст. Аз ин лиҳоз  аз дастуруламали мазкур   бакалавр, магистр, аспирант ва тадқиқотчиёни соҳаи агрономия  фоида бурда метавонанд.
Ба ин ҷилд мақолаҳои дар солҳои 2005-2014 интишорёфта ба сифати боби нав  ворид карда шудаанд, ки   “Муаммоҳои экологии агрохимикатҳо” дар маҷмӯъ баррасӣ намудаанд.
 Дар қисмати “Муқаддима”   аҳамияти ин дастуруламал,  мақсади таҳия ва таълифи он,   вазифаҳои он  баён гардида, қайд шудааст, ки ин  китоб дар Ӯзбекистон барои тайёр кардани  магистрҳо дастуруламали аввалин ба шумор меравад.
Қисми аввал– ба машғулиятҳои назарӣ (маърӯза) бахшида шудааст,  ки он аз   10   боб иборат мебошад  ва дар он   асосан феҳраст(рӯйхат)и мавзӯҳои таҳти маърӯза нишон дода мешавад.  Қисмати дуввуми дастуруламал – ба машғулиятҳои амалӣ бахшида шудааст ва   5   бобро дар худ муттаҳид намудааст. 
Дар саволҳои тест аз   фанни “Вижагиҳои хок ва аҳамияти онҳо дар истифодаи поруву ғизоҳо”   ба ҳар якмавзӯи ҳар як боб саволҳо гузошта шудааст. Ҳар як савол бо пунктҳои  А,Б,В,Г,Е  дорои панҷ савол мебошад. Аз ҷавоби ба саволҳо додашуда фақат яктои он дуруст буда, аз имтиҳондиҳанда тақозо мешавад, ки   ҳамин ҷавоби дурустро дарёбад.
Дар қисмати  “Адабиётҳо”-и дастуруламал феҳрасти манбаҳое зикр ёфтаанд, ки истифода бурда шудаанд ва талабаҳо мавриди истифода қарор додаанд.
---------------------------------------------------------------------
                                              А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                             Ҷилди-11
 
                                                             В А К И Л
                                                        (ё   ки  турфа ғояҳо)

Ҷилди 11-уми асарҳои мунтахаб бар асоси рисолаи илмӣ-ҳаҷвии “Вакил”, ки соли 1999 дар нашриёти “Хоразм” ба табъ расидааст, таҳия гардидааст.
 Дар ин ҷилд баъзе иллатҳо баррасӣ шудаанд, ки дар замони ҳукмронии партияи коммунистӣ (баъзан дар ҳоли ҳозир низ) рух додаанд. Дақиқтараш ба корҳои кишоварзӣ (хоҷагии қишлоқ)   мудохилаи диктатории вакилону гурӯҳҳои оперативӣ  иллати баде ба ҳисоб рафта, бар асоси “нақша-қонун” чашмбандиҳо сурат мегирифтанд, ки ба  ягон хоҷагӣ заррае манфиат намебахшиданд ва баръакс аҳволи иқтисодии онро беш аз пеш бадтар мекарданд, чунки аз будаш зиёд навиштани ҳосил ҳаргиз ба хоҷагӣ манфиате наовардааст. Зарари ҳамин иллатро муаллиф аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда,  аз тариқи танзу ҳаҷв онро ба зери тозиёнаи танқид кашидааст.

                                                                     
Гузашта аз ин, дар ин ҷилд    тибқи талаби замонавии иқтисодиёт   ташкил кардани истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ  гарави пешравӣ хонда шуда, мулоҳизаҳояшро перомуни ба кор ҷалб кардани мутахассисон ва интихоби дурусти кадрҳо низ баён гардидааст.
Ҷилди 11-ум ба мутахассисони соҳаи  хоҷагии  қишлоқ, раҳбарон, ҳамчунон ба оммаи хонандагону дӯстдорони  танзу ҳаҷви адабиёт тавсия мегардад.
Ин ҷилд  бо сарсухани   доктори илми иқтисодӣ, котиби дуюми кумитаи вилоятии  ҲХДӮ, профессор Бахтиёр Рӯзметов ва узви Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон   Рӯзимбой Ҳасан оғоз ёфтааст.
Рисола    “Ғояи котиби   ҳизби коммунистии ноҳия”,“Вакилони кумитаи ноҳиявии ҳизб  дар хоҷагиҳо”, “Барраси(таҳлил)и вакилон”, “Дар созмонҳои вакилон”, “Гурӯҳи оперативии кумитаи ноҳиявии ҳизб дар хоҷагиҳо”, “Гурӯҳи оперативии кумитаи вилоятии ҳизб   дар ноҳияҳо”, “Натиҷагирии гурӯҳҳои оперативӣ”, “Маслиҳати мутахассис(олим)он  ва нишондоди ҷавонони бесалоҳият”, “Нақша – қонун”, “Ба ҷои тавсия (хулоса)”  барин   бобҳоро мадди назар гирифтааст.
Китоб бо тақризи узви Иттиҳодияи  журналистони Ӯзбекистон  Шавкат Болта  таҳти унвони  “Рисолае, ки бар асари ҷасорат таҳия шудааст... ёки задани табар ба решаи   иллат”, ки барои  рисолаи “Вакил” навиштааст, иктифо ёфтааст.
Китоб дар давоми  солҳои 1999-2000 дар маҷаллаи илмию истеҳсолии  “Хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон” низ мавриди чоп қарор гирифтааст.
 Ин  китоб, ки асоси ҷилди 11-умро ташкил додааст,  мақолаҳои зеринро  мавриди табъу нашр қарор додааст: “Ба дунё омадани “Вакил”, “Парвози “Вакил”, “Зарари “Вакил”, “Солженицини Ӯзбекистон (А.Хоразмӣ) ва дар бораи   китоби ӯ (Вакил). Ин мақолаҳо ба сифати қисм ва бобҳои нав ба ин ҷилд ворид карда шудаанд.
---------------------------------------------------
                                                          А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                       Ҷилди-12
 
                                                   Ҳ А Н Г О М А Ҳ О И    Х О Р А З М

 Китобе, ки соли 2010 дар Лондон аз тариқи   нашриёти хусусӣ зери унвони    “Ҳангомаҳои Хоразм” нашр шудааст,  асоси ҷилди 12-умро ташкил мекунад.
 Он асосан аз танзу ҳаҷв иборат аст,  вале он баъзе маълумотҳои илмиву таърихиро низ мунъакис намудааст. Дар бархе аз  ҳикоя(ҳангома)ҳо ҳақиқатҳои таърихии марбути баъзе давраҳо тафсилотҳои он, минтақаву ҷойҳои ҷуғрофӣ низ дақиқ нишон дода шудааст ва ба ин васила қимати онро боло бардоштааст.
 Як  қатор ҳикоя( ё ҳангома)ҳои ин китоб ба забонҳои русӣ, туркӣ, инглисӣ, ҳамчунин ба  забонҳои дигар тарҷима шудааст, ки дар нашрҳои солҳои мухталиф мавриди интишор қарор гирифтааст  ва  мухлисони зиёди худро низ пайдо кардааст.
Ҳикояҳои дар ин китоб ба нашррасида: “Нокаут дар осорхонаи Лондон, “Саволи беҷо(аҳмақона)”, “Моҷарои як ҳарф” ва ҳикояҳои монанди он мебошанд, ки ба забони инглисӣ тарҷима ва   ба барномаи таълимии курси   ЭСОЛ (Омӯзандагони забони инглисӣ аз зумраи хориҷиён)-и Британияи Кабир  ворид карда шуда, дар китобчаи методӣ низ чоп гардидааст.
Аксарияти ҳикояҳои вориди ин нашршуда дар нашри аввал  ва як қатор Воситаҳои ахбори оммавӣ  эълон карда шудааст.  Муштариёни зиёд ба он баҳои баланд  доданд ва ҳар як ҳангомаи навбатиро бо интизориҳо пазируфанд.  Маҳз  ҳамин  ҳолат  боиси он гардид,  “Ҳангомаҳои Хоразм”, ки зери дасти шумо қарор гирифтааст, аз нав таҳияву таълиф ва бо ҳикояҳои нав мукаммалтар гардида  ва барои нашри навбатӣ омода карда шудааст.
Ин  ҷилд бо сарсухани муаллиф шурӯъ шуда, аз 7   боб, наздики 200   ҳикоя (ҳангома) ташкил ёфтааст ва  бо охирсухани  ношир ба итмом мерасад.
------------------------------------------------------------------
                                               А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                            Ҷилди-13
 
                                            Талошҳо дар бахши эҷоди адабӣ

Китоби мазкур, ки барои ҷилди 13-ум ҳамчун асос хизмат кардааст,  дар нашриёти хусусӣ интишор гардида, маводи дар он гирдоваришуда  ба забонҳои гуногун  ва нашароти гуногун низ мавриди чоп қарор гиририфтааст.                                             Аз ҷумла: “Чингизи Туркии бузургро ба ёд оварда”, “Қиссаи Комилҷони сонӣ”, “Таърихи рӯзҳои пуризтироб”, “Таърихи як   тавсия(ихтироъ)-и беқадршуда”, “Дар бораи китоби сурх”, “Мухтасар дар бораи шатранҷ (шоҳмот)”, “Дар бораи муаммоҳои соҳаи таълим”, “Аз ҳаёти  мардикорони ӯзбек”, “Дар бораи аттестация бо усули Каримов”, “Дар бораи бурдҳо ва бохтҳоям дар муҳоҷират”, “Мулоҳизаҳо дар бораи сиёсат”, “Нокаут дар осорхонаи Лондон”, “Шеърияти Хоразмӣ” ва амсоли он маводи   публицистӣ, таҳлилӣ, сиёсӣ ва ҳаҷвӣ ва мунтахаби  шеърҳо мебошад.
----------------------------------------------------------------
                                                       А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                     Ҷилди-14

                                                Умри ба илм  бахшидашуда  
                                                                 (Ёддошт)

Ҷилди 14-уми асарҳои мунтахаб ба мемуар(ёддоштҳо)-и “Умри ба илм бахшидашуда” асос ёфтааст. Ин ёддошт аз ду   китоб  иборат буда,   ҳаҷми китоби аввал аз  26 ҷузъи чопӣ ташкил ёфтааст ва соли  2001 дар  Хоразм ба нашр расидааст. Ин китоб аз 2 қисм ё  боб  иборат буда,    ҳаёт ва фаъолияти маро то соли 2000-ум баррасӣ мекунад.
Китоби дуюм  15,4 ҷузъи чопӣ буда, соли 2005 дар яке аз нашриётҳои хусусии Лондон интишор ёфтааст. Ин (китоби дуввум)  аз  6 боб иборат мебошад ва ҳаёт ва фаъолияти маро дар асри   21, яъне баъди соли 2000  мавриди баррасӣ қарор додааст. Китоби мазкур бо муборизаҳоям барои адолат оғоз ёфтааст.
Зимни иншои ин китоб  мисли баъзе   маддоҳони замона аз  ягон   мафкураи сиёсӣ пуштибоӣ накардаам. Ин дар ҳолест, ки     таърих (аз ҷумла  таърихи ман низ) фаннест, ки набояд аз ягон сиёсат пуштибонӣ намояд.
 Аксарияти далелҳо, ҳодисаҳо ва воқеаҳои дар ин китоб овардашуда бевосита ба фаъолияти эҷодӣ ва илмиам бастагӣ доранд, аз ин лиҳоз аз бадеъӣ кардани он парҳез намудам.
Дар солҳои ахир   бархе аз ВАУ таҳти унвони  “Умри ба илм бахшидашуда” ва “Дар бораи китоби сурх” тақризу таҳлилҳо ба табъ расондаанд, ки он дар ҷилди 14-ум ба сифати қисм ва боби нав ворид карда шудаанд.
 Китоби мазкур асоси ҷилди 14-уми асарҳои мунтахаб муқаррар шуда,   андаке ба ғазаби ҳукумати  Ӯзбекистон дучор гардид ва   Президенти Туркманистон ба он назари меҳрборашро арзонӣ дод, ки дар натиҷа тағйиротҳои зиёдеро дар ҳаёти ман рӯи кор овард.
Китоб бо  сарсухани доктори илмҳои биологӣ, Арбоби хизматнишондодаи фани Ӯзбекистон, профессор Оринбой Ҳасанов ва олими тасаввуфшинос, доктори улуми  филологӣ, профессор Ориф Усмон шурӯъ шудааст.
Дар сарсухани онҳо омадааст: Ба сиёсати давр, хоҳиш ва афкори баъзе  раҳбарон зид баромада ба азият мувоҷеҳ гардидан ҳолати қобили намунаву ибрат набошад ҳам, ҷамъи ин саъйу талош ва ҳаракат дар роҳи   Ҳақ ва манфиати ҳалқ сарф шудааст, ки мешавад онро намунаи ҷасорат арзёбӣ намуд.  Аҳмад ҳоҷӣ Хоразмӣ дар ҳар ҷое, соҳае ва мақоме кор накарда бошад, ҳамеша хондан, омӯзиш ва пажуҳишро қатъ накардааст. Маҳз ба ҳамин далел вай собит намудааст, ки умри вай сарфи  илму фан гаштааст. 
--------------------------------------------------------------------
                                                       А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                         Ҷилди-15  

                                                               Қисмати олим
                                                               (романи таърихӣ)

 Китобе, ки соли 2013  дар нашриёти хусусии  Лондон интишор ва бо сарсухани  нависандаи маъруф, соҳиби ҷоизаи байналхалқии адабиёт  ба номи  Махтумқулӣ  Аннақули Нурмаммедов оғоз гардидааст,  асоси ҷилди 15-уми асарҳои мунтахабро ташкил мекунад. 
Он дар муддати ду сол дар саҳифаҳои интернетӣ мунташир гардид ва ба он шарҳи зиёд навишта шуд. Ҷилди 15-ум бо бобҳои нави “Тӯҳмат ба хизмат ҳам қисмат аст” (Ё худ илм ва шавҳар баҳона, ҳавлӣ ва сарват- ғанимат”) ғанитар гардонида шуд.
 Ҷилди 15-ум  аз сарсухан, даромад,   “Аз таърихи аждодони олим”, “Таваллуд ва ҷавонии олим”, “Дар мусофират”, “Сафари олим ба Африка”, “Дар Хоразм”, “Дар совхози Боғот”, “Дар   вазифаҳои мухталиф”, “Барои ривоҷи фани Хоразм”, “Дар саргардониҳо”, “Ҳиҷрат ба Тошканд”, “Дар муҳоҷират”, “Дар роҳи ваҳдати Хоразм”, “Дар бораи ҳаёти фарзандони дар Ватанбуда”, “Мубориза бо бемориҳо”, “Фаъолияти олим дар варзиш ва   санъат”, “Дар боби Ислом ва саховат”, “Дар роҳи тасаввуф” барин  18   боб   иборат мебошад. 
 Дар қисми “Хулоса”таъкид шудааст:-“Зимни навиштани   сарсухани ин  китоб  ва қисмати даромади он, таълифи ин романи таърихӣ    ёддоштҳо(мемуар)и “Умри ба илм бахшидашуда”-и муаллиф (А.Хоразмӣ) ба сифати манбаъи асосӣ мавриди истифода қарор гирифтааст”. 
 Дар “Хулоса” боз ишора шудааст: “Боиси тааҷҷуб нест агар тазаккур диҳем, ки асари бар асоси чунин манбаъ корбастшуда ба   кашмакашҳо ва  мунозираву баҳсҳои зиёд  сабаб гардид ва  ба  таъқиб мувоҷеҳ шуд. Лекин ҳақиқат устувор мемонад ва боиси умедворист, ки   ин  асар низ (мисли ҳамон мемуар)  ба яке аз китобҳои шавқовару рӯимизии муштариёни зиёд табдил меёбад”.
--------------------------------------------------------------
                                                      А с а р ҳ о и  м у н т а х а б
                                                                       Ҷилди-16  

                                                               Асосҳои  Ислом  

Ҷилди 16-уми асарҳои мунтахаб “Асосҳои Ислом” ном дорад ва ба ҷилди мазкур рисолаҳои “Сабақҳои мухтасар аз Қуръони карим”, “Андарзҳои Ҳадиси шариф” ва “Дар бораи тасаввуф ва тариқат”, ки дубора таҳия гардида ва иловаҳо ворид карда шудаанд, ҳамчунин  дар як қатор сомонаҳои интернетӣ мунташир ёфтаанд, ба сифати асос пазируфта шудаанд.
Дар баробари ин ба ҷилди 16-ум мақолаҳои “Ба тасаввуф санг наандозед”, “Дар бораи ибодат(тариқат)и Хоразмӣ ба сифати ҷисм ва бобҳои нав ворид карда шуданд. 
 Тамоюлҳои дини Ислом: Эътиқод, Амал, Ахлоқ ба ҳисоб меравад. Ислом (ё шариъати Ислом) бар Қуръони карим ва Ҳадиси шариф(сунна) асос ёфтааст. 
 Ин ҷилди 16-ум аз даромад, сарсухан,  мухтасар дар бораи Ислом,  сабақҳои мухтасари Қуръони карим, андарзҳои Ҳадиси шариф,   дар бораи тасаввуф ва тариқат ва  аз маълумотҳои мухталиф барин қисму бобҳо иборат мебошад.
Ҷилди мазкур  умдатан барои пайравони Ислом ва Тасаввуф таҳияву таълиф шуда, барои бартараф намудани нуқсону камбудиҳое, ки роҳ дода  шудааст, ҳамчунин баҳри беҳбуди сифати ин китоб фикру дархостҳои  хонандагони мӯҳтарами мо низ бо камоли майл ва хушҳолӣ пазируфта хоҳанд  шуд.
Ин ҳаҷми аст, ҳамчун як дастур барои Ислом ва мухлисони Сухане ва омӯзиш пешбинӣ шудааст.

 

 

 

Категория: Илму - фан | Добавил: Horazmiy (2015-08-06)
Просмотров: 1641 | Комментарии: 2 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
dth="100%" cellspacing="1" cellpadding="2" class="commTable">
Исм *:
Email:
Код *:

Сайтлар

  • Мувозанат
  • Янги дунё
  • Озодлик
  • ЭРК сайти
  • ББС сайти
  • Туронзамин

  • Онлайн всего: 1
    Гостей: 1
    Пользователей: 0